Дезинфексия гарави беҳдоштӣ Саломатӣ дар ҳар гӯша
Кафолати сифат
Махфият
Бехатарӣ
Таҷрибаи кор
зиёда аз 20 сол

Дезинфексия

Маҷмӯи чорабиниҳое мебошад, ки барои несту нобуд намудани барангезандагони бемориҳои сироятӣ (микроорганизмҳо), ки дар иншоотҳо ва ашёҳои муҳити атроф вуҷуд доранд, равона шудааст.

Фумигатсия

Фумигатсия ин нест кардани ҳашароти зараррасон ва микроорганизмҳои растанӣ бо роҳи заҳролуд кардани онҳо бо буғҳо ё газҳои заҳролуд мебошад.

Дезинсексия

Маҷмӯи чорабиниҳое мебошад, ки барои несту нобуд намудани ҳашароти зараррасон равона карда шудааст.


Дезодоратсия

Дезодоратсия ин нест кардани бӯйҳои нофорами гуногун бо истифодаи маводҳои химиявӣ дар биноҳо мебошад.

Дератизатсия

Маҷмӯи чорабиниҳое мебошад, ки барои несту нобуд намудан ё кам кардани шумораи хояндагон, аз қабили мушу калламушҳо дар маҳал ё объекти муайян нигаронида шудааст.

Муҳофизати растанӣ

Муҳофизати растаниҳо ин методҳо ва усулҳои пешгирию мубориза бар зидди бемориҳо, ҳашароти зараррасон ва алафҳои бегонаи зироатҳои кишоварзӣ, инчунин ҷангалзорҳо равона карда шудааст.

Хизматрасониҳои мо

МАШВАРАТИ ХИЗМАТРАСОНӢ

Мутахассисони ширкат ба ҳамаи саволҳои шумо ҷавоб дода, пешниҳоди тиҷоратӣ омода мекунанд ва оид ба усулҳои муборизаи зидди ҳашароти зараррасон маслиҳат медиҳанд.

СИПОСНОМАҲО

Дар бораи мо

Ҷамъият аз оғози таъсисёбиаш то ба имрӯз саҳми худро бемайлон дар пешрафти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта истодааст. Фаъолияти Ҷамъият дар ду самт – яке муҳофизати растаниҳо (воридоту фурӯши зархимикатҳо ва нуриҳои минералӣ барои соҳаи кишоварзӣ) ва дигар хизматрасонии дезинфексияи профилактикӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, Ҷамъият тибқи Оиннома ба борбандии маводҳои ҳифзи растаниҳо низ машғул мебошад.


Дафтари асосии ширкат дар суроғаи ш. Душанбе кӯчаи Беҳзод 2, шӯъбаи дезинфексионии ширкат дар суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев 34, корхонаи истеҳсолии ширкат дар шаҳри Ваҳдат, ҷ/д Дӯстӣ, шаҳраки Элок, минтақаи 2 воқеъ мебошанд.

БО МО ҲАМКОРӢ ДОРАНД

Варақаро пур кунед

Ба шумо дар муддати кӯтоҳтарин занг мезанем