Системаҳои ҳавотозакунӣ ва кондисионерҳо ҷузъи муҳими ҳар як бинои муосир – истиқоматӣ, маъмурӣ, тиббӣ ё саноатӣ мебошанд. Дар сурати набудани безараргардонии мунтазам, ин системаҳо метавонанд манбаи ҷамъшавӣ ва паҳншавии микроорганизмҳои касалиовар, чанг, мағор, дигар ифлосиҳо ва ҳатто ҳашаротҳо гарданд. Ҳар рӯз тавассути онҳо ҳаҷми зиёди ҳавои дорои микрозаррачаҳо, микроорганизмҳо ва ифлоскунандаҳои органикӣ мегузарад. Он метавонад бӯйҳои нофорам, аксуламалҳои аллергӣ, бемориҳои роҳи нафас, дарди сар ва дигар ҳолатҳои барои саломатӣ хавфнокро ба вуҷуд оварад.

Муносибати мо ба безараргардонӣ
Ширкати мо безараргардонии кафолатноки системаҳои ҳавотозакунӣ ва кондисионерҳоро бо истифода аз маводҳои босифат ва таҷҳизоти муосир анҷом медиҳад.

Маҳсулоти истифодашаванда:
Алмадез – маводи безараргардонандаи босифати муосир буда, ба муқобили бактерияҳо, вирусҳо ва занбурӯғҳо таъсири нағз дошта, бӯи нофорам надорад. Барои асбобҳо ва предметҳои металлию пластикӣ таъсири манфӣ надорад.

CALLA 7127 – маводи безараргардонандаи бар зидди доираи васеи бактерияҳо, вирусҳо ва занбурӯғҳо фаъол мебошад. Барои безараргардонии санитарӣ дар соҳаҳои гуногуни саноат истифода мешавад. Ба предметҳои гуногуни дар иншоотбуда таъсири манфӣ надорад.

CEE BEE A-18 – маводи тозакунанда ва безараргардонандаи муосир буда, бар зидди доираи васеи бактерияҳо ва занбурӯғҳо васеъ истифода мешавад. Таъсири манфӣ ба предметҳои металлӣ ва пластикии гуногунро надорад. Хусусияти хуби тоза намудани ифлосиҳоро дар таҷҳизоту дастгоҳҳо низ дорад.

Усули коркард – безараргардонӣ бо тумани сард
Мутахассисони ширкати мо  барои безарар гардонидани системаҳои ҳавотозакунӣ ва кондисионерҳо аз маводҳои муосир ва генераторҳои тумани сард истифода мебаранд. Ин генераторҳо маводи безараргардонадаро ба заррачаҳои хурд (аэрозолӣ) табдил медиҳанд, ки ҳангоми пошидан мавод ба ҳама ҷойҳои дастнорас пурра расида, системаҳои ҳавотозакунӣ ва кондисионерҳоро самаранок безарар мегардонад.

Бартарии усул:
Заррачаҳои хурди маводи безараргардонанда ба тарқишҳо ва сатҳи дохилии предметҳои дар иншоотбуда ворид мешавад.
Таъсири намӣ ё осеб ба асбобҳои электрикӣ намерасад.
Ба ҳама роҳҳои ҳавогузар мавод баробар пошида мешавад.
Системаи ҳавотозакунӣ ва кондисионерҳо ба муддати кам аз кор мононда мешаванд.

Марҳилаҳои кор
Ташхиси пешакии система: тафтиши ҳолати филтрҳо, роҳҳои ҳавогузар, гармидиҳандаҳо.
Тайёр кардани маҳлули корӣ.
Хомӯш кардани системаи ҳавотозакунӣ ва кондисионерҳо.
Безараргардонии аэрозолии тамоми система ва кондисионерҳо.
Давраи нигоҳдорӣ: 30-60 дақиқа (вобаста ба ифлосшавӣ).
Шамолдиҳӣ ва аз нав ба кор даровардани системаи ҳавотозакунию кондисионерҳо.

Натиҷаҳои коркард
Нест шудани микроорганизмҳо, ки боиси бемориҳо мегарданд.
Беҳтар шудани сифати ҳаво дар дохили бино.
Дароз шудани мӯҳлати хизмати таҷҳизоти ҳавотозакунӣ ва кондисионерҳо. Кам шудани бӯйҳои нофорам ва аксуламали аллергӣ.