Бо кадом роҳ хонаро аз шабзод муҳофизат кардан мумкин аст?
Шабзодҳо ҳашароти хунмаки бебол буда, дар маҳалли зисти инсон ва дигар ҳайвоноти хунгарм пайдо шуда, тарзи ҳаёти шабона доранд. Онҳо равшаниро нағз намебинанд. Асосан дар ҷойҳои дастнорас ба монанди таги плинтусҳо, ламинат, линолиум, ковокиҳои зардеворҳо (обои), роҳаткурсиҳо (диван), рахти хоб ва дигар ҷойҳо лона сохта, тухм мегузоранд ва афзоиш меёбанд. Аз рӯи тадқиқоти мутахассисон, шумораи ин ҳашарот сол то сол зиёд шуда истодааст.
Асосан сабаби пайдоиш ва паҳншавии шабзодҳо аз дигар ҷой овардани либос, мебел ва дигар ашёи рӯзғор ба хона мебошад. Онҳо аз як ҳуҷра ба ҳуҷраи дигар, аз як хона ба хонаи дигар, аз як шаҳр ба шаҳри дигар паҳн мешаванд.
Шабзод шабона баъди хомуш кардани чароғ ва хоб рафтани одамон баромада, ба одамон неш зада, хун мемакад. Ҳангоми гурусна мондан ё зиёд шудани шабзодҳо дар хона онҳо метавонанд рӯзона ҳам ба одам ҳамла кунанд. Ҷойи нешзадаи шабзод хориш пайдо шуда, одамро нароҳат месозад ва аксари вақт варам карда, сурх мешавад.
Барои пешгирӣ кардани пайдоиш ва афзоиши шабзод дар хонаҳои истиқоматӣ гузаро-нидани чорабинихои пешгирикунанда ва санитарӣ-техникӣ зарур аст.
– Дар ҳолати қаноатбахши санитарӣ нигох доштани манзил, тез-тез бо чангкашак тоза кардан ё рӯфтани хона;
– Таъмири саривақтӣ дар биноҳои истиқоматӣ, махкам кардани тарқишҳо, сӯрохиҳои хурд дар деворҳо, плинтусҳо, ковокиҳои зардеворҳо (обои), фаршҳо, сафед кардани шифтҳо, махкам кардани фосилаҳои фаршҳо, тахтаҳои тиреза ва дари хонаҳо;
– Ҳангоми харидани мебели истифодашуда, пеш аз ба хона даровардан бодиққат тафтиш кардани он.
Барои нест кардани шабзод дар хонаҳои истиқоматӣ маводҳои химиявие, ки аз қайди давлатӣ гузаштаанд ва дорои сертификати мутобиқа мебошанд, истифода мешаванд. Аз ин лиҳоз, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки барои пурра несту нобуд кардани шабзод ва дигар ҳашароти зараррасон ба мутахассисони ботаҷрибаи шӯъбаҳои дезинфексионӣ, ки дорои таҷҳизоти муосир ва маводҳои босифат буда, кафолати натиҷаи дилхоҳро медиҳанд, муроҷиат намоянд.

Recent Comments