Хояндаҳо зарару осебрасонандаи молу мулк ва паҳнкунандаи бемориҳои хавфноки сироятӣ буда, барои саломатии инсон хатари ҷиддӣ доранд. Онҳо дар минтақаҳои барояшон мусоид зуд афзоиш ёфта, зиёд мешаванд. Барои бехатар ва самаранок нест кардани мушу каламушҳо аксар вақт усулҳои механикӣ ва физикӣ истифода мешаванд, ки бо истифодаи домҳо ва контейнерҳои махсус асос ёфтаанд.

Моҳияти усул 
Дар ин усули мубориза домҳои заҳрнок қисман истифода бурда мешаванд. Барои доштан ва нест кардани хояндаҳо таҷҳизоту лавозимоти зерин истифода мешаванд:

Контейнерҳои махсус – қуттиҳои махсуси пӯшида, ки дар онҳо ғизо ё доми заҳрнок гузошта мешавад, ки барои кӯдакону ҳайвонот дастнорас мебошад. Ғизои заҳрнок дар таркиби худ ҷалбкунанда дорад, ки муш ё калламуш онро зуд меёбад – ба дохили қуттӣ даромада, ғизои заҳрнокро хӯрда, баромада меравад. Баъди 2-5 рӯз ба марг дучор мешавад.

Мушқаппакҳои классикӣ ва муосир – дастгоҳҳои гуногуне, ки ба онҳо домҳои безаҳр мегузоранд ва ҳангоми расидани хояндаҳо ба дом фавран ба кор даромада, хояндаҳоро ба марг мерасонанд.

Домҳо барои зинда доштани хояндаҳо – хӯроки безаҳр ба дохили дом гузошта мешавад. Вақте, ки муш ё калламуш ба дохили дом даромада, онро гирифтанӣ мешавад, механизм ба кор даромада, даричаро мебандад ва хоянда дар дохили дом мемонад.

Мушқаппакҳои часпак  – ашёҳое мебошанд, ки аз коғази ғафс (картон) ва ширеш (клей) иборатанд. Онҳоро наздикии лона ё роҳҳои гашту гузори хояндаҳо мегузоранд. Хояндаҳо ҳангоми аз болои он гузаштан часпида, гурехта наметавонанд. Баъзан барои самаранок буданашон болои онҳо дом мегузоранд.

Тартиби гузаронидани коркард
Аз назар гузаронидани иншоот ва муайян намудани ҷойхои фаъолияти хояндаҳо.
Интихоби дастгоҳ ё лавозимоти мувофиқ, вобаста ба шумора, намуди хояндаҳо ва хусусиятҳои иншоот.
Гузоштани қуттиҳо ва домҳо дар ҷойҳои гаштугузори хояндаҳо.
Назорати мунтазам ва иваз кардани дастгоҳҳо ҳангоми лозим будан.
Санҷиши ниҳоии қуттиҳо ва домҳо, тавсияҳо оид ба пешгирии пайдошавии навбатии хояндаҳо.

Афзалиятҳои усул
Бехатарӣ – хавфи заҳролудшавии одамон ва ҳайвоноти хонагӣ вуҷуд надорад.
Аз ҷиҳати экологӣ тоза – маводҳои химиявӣ истифода намешаванд.
Самаранокӣ бо шумораи ками хояндаҳо.
Имконияти қуллайи назорат кардани натиҷаи коркард.

Иншоотҳое, ки ин усул гузаронида мешавад
Боғчаҳои бачагона, мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ.
Биноҳои соҳаи савдо.
Биноҳои истиқоматӣ ва ҳавлиҳо.

Бартариҳои хизматрасонии мо
Мутахассисони мо дастгоҳу лавозимоти мувофиқро интихоб намуда, онро бо назардошти одати хояндаҳои иншоот ҷойгир мекунанд, ки натиҷаи хуб медиҳад.
Мо дар иншоотҳо танҳо дастгоҳу лавозимоти бехатарро истифода мебарем ва то ҳалли пурраи мушкилӣ зери назорати доимӣ мегирем.