Хояндаҳо яке аз гурӯҳи хатарноктарини зараррасонҳо барои одамон, ҳайвонот ва корхонаю муассисаҳо мебошанд. Калламушҳо ва мушҳо на танҳо захираҳои ғизоро нобуд карда, ашёҳо ва анҷоми биноҳоро хароб мекунанд, инчунин, бемориҳои сироятии хатарноки лептоспироз, салмонеллёз, вабо, ҳорӣ, домана ва дигар бемориҳои сироятии барои одамон хатарнокро паҳн мекунанд.
Аз ҳама усули самараноктарини нест кардани хояндаҳои зараровар – гузаронидани дератизатсия бо истифодаи домҳои заҳрнок мебошад.

Моҳияти усул
Ин усул ба гузоштани домҳои махсуси заҳрнок дар макони зист ва ҷойҳои гаштугузори хояндаҳо, ки барои калламушҳо ва мушҳо  марговаранд, асос ёфтааст. Домҳо дар таркиби худ ба ғайр аз моддаи заҳрнок маводҳои ҷалбкунандаи махсуси гуногун доранд, бинобар ин хояндаҳо онҳоро зуд ёфта мехӯранд.
Ширкати мо барои гузаронидани чорабиниҳои мубориза ба муқобили хояндаҳои зараровар маводҳои насли навтарини дорои ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва сертификати мутобиқатро истифода мебарад. Маводҳо натиҷабахш буда, дар ҳароратҳои гуногун ва намнокӣ хусусияти худро гум намекунанд.

Тартиби гузаронидани дератизатсия
Аз назар гузаронии иншоот, муайян кардани макони зист ва роҳҳои харакати хояндаҳо
Интихоби мавод ва шакли доми заҳрнок ғалладона, брикет, хамира, гранула ва ғайраҳо, вобаста ба иншоот.
Ҷойгир кардани домҳои заҳрнок дар ҷойҳои барои одамон ва ҳайвоноти хонагӣ дастнорас, бо риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ.
Мониторинг ва аз нав илова кардани домҳои заҳрнок (агар лозим бошад).
Оид ба пешгирии пайдоиши хояндаҳо додани тавсияҳо.

Бартариятҳои истифодаи домҳои заҳрнок
Пурра нобуд кардани хояндаҳои зараррасон дар иншоот.
Таъсири боқимондаи дарозмуддати домҳо.
Имконияти коркарди майдонҳои калон.
Бо риояи меъёрҳои сарф ва қоидаҳои техникаи бехатарӣ барои одамон ва ҳайвонот бехавф будан
Натиҷаҳои кафолатноки чорабиниҳои мубориза.

Далелҳои ҷолиб ва ташвишовар оиди ҳояндаҳо
Агар дар иншоот чораҳои мубориза гузаронида нашаванд, як ҷуфт калламуш метавонад дар як сол то 800 насл диҳад.
Дандонҳои мушу калламушҳо дар давоми тамоми умр месабзанд (дароз мешаванд) ва метавонанд чӯб, алюминий ва ҳатто бетони нармро хоида кананд.
Хояндаҳо зиёда аз 30 бемории хатарноки сироятиро паҳн мекунанд, ки аксари онҳо барои одамон марговаранд.
Муайян карда шудааст, ки то 20 фоизи сӯхтор дар хонаю корхонаҳо аз сабаби канда, вайрон кардани симҳои барқ аз тарафи мушу калламушҳо ба амал меояд.
Бӯй ва ихроҷи хояндаҳо дар биноҳо боиси нороҳатии доимӣ ва аллергияи одамон мегарданд.