Безараргардонии ҳавзҳо ва системаҳои обтаъминкунӣ омили муҳими таъмини саломатӣ ва бехатарии истифодабарандагон мебошад. Об дар ҳавзҳои шиноварӣ ва системаҳои обтаъминкунӣ метавонад манбаи паҳншавии микроорганизмҳои гуногуни касалиовар: бактерияҳо, вирусҳо ва замбурӯғҳо гардад. Ҳавзҳои шиноварии кушода ва пӯшида доимо бо моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ олуда мешаванд, ки барои инкишофи микроорганизмҳои касалиовар шароити мусоид фароҳам меоваранд. Агар безараргардонӣ дар ин иншоотҳо сари вақт ва мунтазам гузаронида нашавад, хатари сироят ёфтани истифодабарандагон меафзояд. 

Безараргардонии системаҳои обтаъминкунӣ барои пешгирии паҳншавии бактерияҳои хатарнок, вирусҳо ва дигар микроорганизмҳо – таъмини бехатарии об барои истеъмолу истифода мусоидат мекунад.

Маводи истифодашаванда – Гипохлорити калтсий.

Барои безараргардонии ҳавзҳои шиноварӣ ва системаҳои обтаъминкунӣ мутахассисони  ширкати мо аз маводи безараргардонандаи Гипохлорити калтсий истифода мебаранд. Мавод дорои хлор буда, доираи васеи таъсири зиддимикробӣ дорад.

Афзалиятҳои истифодаи Гипохлорити калтсий:

Бактерияҳо, вирусҳо, занбурӯғҳо ва обсабзҳоро нест мекунад.
Дар об зуд ҳал шуда, таъсири фаъол дорад.
Дар консентратсияҳои паст дараҷаи бехатарии иншоотро нигоҳ медорад.
Каммасраф ва дастрас аст.

Тарзи гузаронидани безараргардонӣ

Муайян кардани ҳаҷм ва ҳолати об дар ҳавзҳо ё системаҳои обтаъминкунӣ.
Тайёр кардани маҳлули кории Гипахлорити калтсий дар консентратсияи зарурӣ.
Баробар илова намудани маҳлули безараргардонанда ба об дар ҳавзҳо ё системаҳои обтаъминкунӣ.
Назорати сатҳи хлори боқимонда ва дигар хусусиятҳои об барои таъмини бехатарӣ.
Дар ҳолати зарурӣ тоза кардану шӯстани таҷҳизот ва қубурҳои обгузар.

Таъмин намудани бехатарӣ Ҳама чорабиниҳо бо риояи меъёру қоидаҳои санитарӣ гузаронида мешаванд. Мо усулҳои муосири безараргардонии обро барои бехатарии одамон истифода мебарем.