Дезинфексияи биноҳо бо гази Озон усули муосир ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи безараргардонии биноҳо мебошад, ки он хосиятҳои хеле қавии оксидкунанда дорад. Гази Озон вирусҳо, бактерияҳо, спораҳо, замбурӯғҳо, мағор ва дигар микроорганизмҳои касалиовар, аз ҷумла микроорганизмҳое, ки ба дигар маводҳои химиявии безараргардонанда тобовар шудаанд, самаранок нест мекунад.

Баръакси дезинфексияи намнок, ки ҳангоми коркард фақат сатҳи болоии предметҳо безарар мегарданд, гази Озон ба ҷойҳои дастнорас, аз ҷумла ба каналҳои вентилятсионӣ, мебели мулоим, қолинҳо, дарзҳо, сурохиҳо ва дигар ҷойҳое, ки барои дорупошии муқаррарӣ дастрас нестанд, ворид шуда, микроорганизмҳои зарароварро несту нобуд мекунад.

Дезинфексия бо гази Озон дар куҷо гузаронида мешавад?

Ширкати мо безараргардониро бо гази Озон дар биноҳои гуногун амалӣ менамояд:

– хонаҳои истиқоматӣ (махсусан пас аз бемориҳои сироятӣ, сӯхтор, обхезӣ, бӯйҳои гуногун ва ғайра)
– идораҳо ва биноҳои маъмурӣ
– муассисаҳои савдо, муассисаҳои хӯроки умумӣ, меҳмонхонаҳо
– муассисаҳои тиббӣ ва лабораторияҳо
– мактабҳо, боғчаҳои бачагона, толорҳои спортӣ
– амборҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, нақлиёт ва ғайра

Афзалиятҳои безараргардонӣ бо гази Озон

Бехатарӣ: пас аз коркард гази Озон зуд ба оксиген таҷзия шуда, ҳеҷ гуна осори заҳролудро намегузорад.

Самаранокӣ: гази Озон нисбат ба хлор 50 маротиба фаъолтар аст ва дар он ҷойҳое, ки маҳлулҳои моеъ ба он ҷо расида наметавонанд, ворид мешавад.

Нест кардани бӯйҳои нофорам: дар иншоотҳое, ки безараргардонӣ бо гази Озон мегузарад, бӯи нофорам (сигор, ҳайвонот, сӯхтор ва дигар бӯйҳо) нест мешаванд.

Безараргардонии пурра: безараргардонии ҳаво, сатҳҳо, матоъҳо, ҳама предметҳо ва ҷойҳои дастнорас дар як вақт.

Безараргардонӣ бо гази Озон чӣ тавр анҷом дода мешавад?

Ҳама ҷойҳои хонаро  ба таври герметикӣ маҳкам карда, кондисионер ва вентилятсия хомӯш карда мешавад.
Асбобҳо ё предметҳое, ки металли ранга доранд, аквариум ва маҳсулоти хӯрокаро печонидан лозим ё бароварда мешаванд.
Шахсоне, ки дар он бино зиндагӣ ё кор мекунанд, ҳайвонҳо, паррандаҳо, растаниҳои зинда бароварда мешаванд.
Гази Озон ба муддати муайян дода мешавад – одатан аз 30 дақиқа то 2 соат, вобаста ба ҳаҷми ҳуҷра ва сатҳи ифлосию мушкилот.
Пас аз анҷоми безараргардонӣ бино шамол дода мешавад. Одамон ва ҳайвонот баъди якчанд соат, ҳангоми паст шудани консентратсияи гази Озон метавонанд ба бино ворид шаванд.

Барои чӣ моро интихоб мекунанд?

Мо озонаторҳои пурқуввати замонавиро истифода мебарем.
Мо аз рӯи қоидаҳои қатъии санитарӣ кор мекунем.
Мо ба натиҷа кафолат медиҳем:  нест кардани микроорганизмҳои касалиовар ва бӯйҳои нофорам.
Мо дар асоси дархост санадҳои корҳои иҷрошударо пешниҳод менамоем.