Дезинфексияи биноҳо бо усули намнок. Ин пошидани маҳлулҳои безараргардонӣ бо истифода аз таҷҳизоту дастгоҳҳо дар иншоотҳо мебошад. Дезинфексия бо усули намнок дар иншоотҳои зерин гузаронида мешавад:
– муассисаҳои тиббӣ
– мактабҳо, донишгоҳҳо ва боғчаҳо
– корхонаҳои хӯрокворӣ ва коркарди он
– амборҳо, офисҳо, толорҳои варзишӣ
– қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои ислоҳӣ, хонаҳои истиқоматӣ (бо дархости муштарӣ)
– минтақаҳои санитарӣ, ҳоҷатхонаҳо ва ғайра
Мақсад ва афзалиятҳои усул
Мақсади асосии дезинфексия нест кардан ё кам кардани шумораи микроорганизмҳои касалиовар: бактерияҳо, вирусҳо, занбурӯғҳо ва ғайраҳо мебошад.
Афзалиятҳо
– самаранокии баланд ҳангоми интихоби дурусти маводи безараргардонанда
– имконияти коркарди сатҳҳои дастнорас
– пурра ва якхела пошидани маҳлулҳои босифати безараргардонӣ
– зуд ба натиҷаи дилхоҳ комёб шудан
Маводҳое, ки мо истифода мебарем
Барои гузаронидани дезинфексияи биноҳо бо усули намнок мутахассисони ширкати мо маводҳои безараргардонандаи босифат, дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифташуда ва сертификатсияшударо истифода мебаранд.
Гипохлорити калтсий яке аз маводҳои безараргардонандаи пурқуввати хлордор мебошад. Он дорои доираи васеъи таъсир буда, барои нест кардани бактерияҳо, вирусҳо (аз ҷумла коронавирусҳо) ва занбӯруғҳо истифода мешавад. Барои коркарди сатҳи сахт, фаршҳо, деворҳо, дастгоҳҳои санитарӣ (ҳоҷатхонаҳо ва ҳаммом), партовгоҳҳо ва ғайра муносиб аст.
Алмадез маводи безараргардонанда ва шӯяндаи босифати муосир буда, бӯй надорад. Ба муқобили бактерияҳо, вирусҳо ва занбурӯғҳо таъсири хуб дошта, барои иншоотҳои дорои минтақаҳои ҳассос (аз ҷумла муассисаҳои тиббӣ) мувофиқ аст ва сабаби занг задани предметҳои металлии иншоот намешавад. Ин мавод асосан дар ҷойҳое истифода мешавад, ки бехатарии кормандон ва таҷҳизот муҳим аст.
CALLA 7127 маводи безараргардонандаи самаранок буда, бар зидди доираи васеъи бактерияҳо ва занбурӯғҳо фаъол аст. Барои безараргардонии санитарӣ дар соҳаҳои авиатсия ва саноат мувофиқ аст. Ба предметҳои гуногуни дар иншоотбуда таъсири манфӣ надорад.
CEE BEE A-18 тозакунанда ва безараргардонандаи муосир буда, дар авиатсия ва саноат бар зидди доираи васеи бактерияҳо ва занбурӯғҳо васеъ истифода мешавад. Хусусияти занг занондани предметҳои металлии гуногунро надорад.
Безараргардонӣ чӣ гуна сурат мегирад?
Пеш аз гузаронидани коркард тоза кардани биноҳо аз чангу ифлосиҳо
Омода кардани маҳлули корӣ бо консентратсияи зарурӣ (вобаста ба мушкилот)
Пошидани маҳлул ба сатҳҳои иншоот ба воситаи таҷҳизоти дорупошии механикӣ ё дастӣ
Вақти нигоҳдорӣ – аз 15 то 60 дақиқа (вобаста ба мавод ва мушкилоти иншоот)
Дар ҳолати зарурӣ – шӯстани боқимондаҳои маҳлулҳои корӣ ё ҳаво додани бино
Кафолати сифат ва бехатарӣ
Ҳама корҳоро мутахассисони ботаҷриба бо риояи талаботи санитарӣ ва ҳифзи меҳнат анҷом медиҳанд. Мо меъёрҳо, усулҳои коркардро вобаста ба иншоот назорат карда, чораҳои бехатариро риоя мекунем. Маводҳои истифодашаванда ҳангоми истифодаи дуруст бехатаранд, ба одамону ҳайвонот ва муҳити зист зарар намерасонанд.