Безараргардонии маснуоти бофандагӣ ва дигар ашёҳо барои пешгирии паҳншавии бемориҳо ва нигоҳ доштани саломатӣ нигаронида шудааст. Безараргардонии анҷоми хоб, либосҳо, бозичаҳои нарм ва дигар предметҳо, хусусан дар муассисаҳои тандурустӣ, боғчаҳои бачагона, меҳмонхонаҳо, қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои ислоҳӣ ва биноҳои истиқоматӣ муносибати эҳтиёткоронаро талаб мекунад.

Усулҳои безараргардонӣ
Мо якчанд усулҳои самарабахши безараргардониро истифода мебарем, ки ба мо имкон медиҳанд микроорганизмҳоро дар маснуоти бофандагӣ ва дигар ашёҳо нобуд сохта, ба сифати онҳо таъсири манфӣ нарасонем:

Безараргардонӣ бо гази Озон – таъсири гази Озон, ки ба сатҳ ва дохили предметҳо ворид шуда, вирусҳо, бактерияҳо ва занбӯруғҳои касалиоварро бе истифодаи обу маводҳои кимиёвӣ нест мекунад.

Камераи дезинфексионӣ – бинои махсуси герметикӣ ё таҷҳизотест, ки дар он безараргардонӣ бо истифодаи буғ, ҳавои гарм, гази Озон ё формалин дар шароитҳои назоратшаванда анҷом дода мешавад.

Формалин – маводи химиявии пурқувватест, ки дар ҳолати газӣ ба муқобили доираи васеи микроорганизмҳои касалиовар барои безараргардонӣ ва стерилизатсия истифода мешавад.

Ҳавои гарм ва буғ – воситаҳое мебошанд, ки бо истифодаи онҳо безараргардонии пурра гузаронида шуда, ба ашёҳо ягон таъсири манфӣ расонида намешавад.

Афзалиятҳои безараргардонӣ
Ҳавои гарм дар намудҳои гуногун ба дохили ашёҳо ворид шуда, натиҷаи дилхоҳ  ба даст меояд.
Ин усули безараргардонӣ барои намудҳои гуногуни ашёҳо мувофиқ аст.

Бехатарӣ – чорабиниҳои безараргардониро бо риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва дигар стандартҳои тасдиқшуда мегузаронем.

Нигоҳ доштани сифат – баъди гузаронидани чорабиниҳои безараргардонӣ ба ашёҳо ягон осеб нарасида, бӯи нофорам боқӣ намемонад.  

Тарзи гузаронидани безараргардонӣ
Ба навъҳо ҷудо кардан, тайёр кардани ашёҳо ва предметҳо барои безараргардонӣ.
Интихоби усули мувофиқ вобаста ба намуди ашёҳо ва дараҷаи мушкилот.
Коркард дар камераи дезинфексионӣ бо истифода аз маводи интихобшуда (Озон, буғ, ҳавои гарм ё формалин).
Шамол дода, хушк кардани ашё ва предметҳо баъд аз гузаронидани чорабинии безараргардонӣ. Назорати сифати чорабиниҳои безараргардонӣ.