Талаботи безараргардонӣ дар нақлиёт, бахусус нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳавопаймоҳо яке аз корҳои муҳиме мебошад, ки таваҷҷӯҳи махсусро тақозо мекунад ва бояд доимо зери назорати органҳои дахлдори назораткунанда бошад. Чунки онҳо ҷойҳои ҷамъшавии одамон буда, ба зуд паҳн шудани бемориҳои сироятӣ мусоидат мекунанд.

Дезинфексияи нақлиёт

Безараргардонии нақлиёт маҷмӯи тадбирҳо оид ба нест кардани микроорганизмҳои касалиовар дар сатҳҳо ва ҳавои дохили ҳавопаймоҳо, автомашинаҳо, автобусҳо, қатораҳо, инчунин, дар кабинаҳо ва контейнерҳои боркаши нақлиёт мебошад.

Дезинфексияи ҳавопаймоҳо

Дезинфексияи ҳавопаймоҳо кори махсус ва мураккаб аст. Ҳавопаймоҳо дорои сохтори мураккаби дохилӣ буда, бисёр сатҳҳое мебошанд, ки аксар вақт мусофирон ва ҳайати идоракунанда бо он ҷойҳо зиёд тамос мегиранд. Барои таъмини бехатарии парвозҳо ва саломатии мусофирон мунтазам анҷом додани дезинфексия хеле муҳим аст.

Маводҳо барои безараргардонии нақлиёт ва ҳавопаймоҳо

Мо танҳо маҳсулоти сертификатсияшуда, самаранок ва бехатарро истифода мебарем:

Алмадез маводи безараргардонанда ва шӯяндаи босифати муосир буда, бӯй надорад. Ба муқобили бактерияҳо, вирусҳо ва занбурӯғҳо таъсири хуб дошта, барои иншоотҳои дорои минтақаҳои ҳассос (аз ҷумла ҳуҷраҳои тиббӣ) мувофиқ аст ва сабаби занг задани предметҳои металлии иншоот намегардад. Ин мавод асосан дар ҷойҳое истифода мешавад, ки бехатарии кормандон ва таҷҳизот хеле муҳим аст.

CALLA 7127 маводи безараргардонандаи самаранок буда, бар зидди доираи васеи бактерияҳо ва занбурӯғҳо фаъол аст. Барои безараргардонии санитарӣ дар соҳаҳои авиатсия ва саноат мувофиқ аст. Ба предметҳои гуногуни дар иншоотбуда таъсири манфӣ надорад.

CEE BEE A-18 маводи тозакунанда ва безараргардонандаи муосир буда, дар авиатсия ва саноат бар зидди доираи васеи бактерияҳо ва занбурӯғҳо васеъ истифода мешавад. Хусусияти занг занондани предметҳои металлии гуногунро надорад.

Хусусиятҳои безараргардонӣ

Пешакӣ тоза намудани дохили нақлиёт аз чанг ва ифлосиҳо.
Коркарди ҳама сатҳҳо бо маҳлулҳои безараргардонанда бо истифода аз дорупошакҳо ё латта.
Ба ҷойхои зиёдтар тамос мегирифта – дастакҳо, тугмаҳо, камарбанди бехатарӣ, ҳоҷатхонаҳо ва дигар ҷойҳо диққати махсус додан.
Дар баъзе ҳолатҳо коркард бо гази Озон барои безараргардонии ҳаво ва рафъи бӯй гузаронида мешавад.

Афзалиятҳои ҳамкорӣ бо мо

Сифати баланд ва бехатарии безараргардонӣ
Иҷрои саривақтии хизматрасонӣ дар муддати кӯтоҳ
Истифодаи маводҳои замонавии махсусан барои безараргардонии ҳавопаймоҳо ва нақлиёт тасдиқшуда
Риояи ҳама меъёрҳо ва талаботи санитарӣ.