Дезинсексия – несту нобуд кардани ҳашароти зараррасон ва номатлуб, ки метавонанд ба саломатии инсон, ҳолати санитарии биноҳо ва бехатарии озуқаворӣ хатар эҷод кунанд. Ҳашароти хонагӣ зуд афзоиш ёфта зиёд мешаванд ва ба шароити муҳити зист мутобиқ шуда, аксар вақт манбаи сирояту нороҳатӣ мешаванд.
Ширкати мо барои нест кардани ҳашароти зараррасон, аз қабили: шабзод, кайк, нонхӯрак, хомӯшак, магас, мӯрча, кана ва ғайра дар биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ, саноатӣ ва ҷамъиятӣ хизматрасонии кафолатноки дезинсексиониро пешниҳод менамояд.

Усулҳои дезинсексия
Мо усулҳои гузаронидани дезинсексияро вобаста ба намуди ҳашарот ва категорияи бино интихоб мекунем:

Усули намнок – коркарди сатҳҳо бо маҳлулҳои маводҳои химиявии ҳашароткуш. Барои гузаронидани ин усули коркард мо аз дастгоҳҳои дорупошии дастӣ ва механикӣ истифода мебарем, ки барои коркарди деворҳо, плинтусҳо, мебел, фарш ва сурохиҳо мувофиқанд.

Усули хушк (хока) – истифода бурдани маводҳои химиявии шакли хока барои коркарди ҷойҳои дастнорас: пушти мебелҳо ва плинтусҳо, сурохиҳо, таҷҳизоти электрикӣ, таҳхонаҳо, болохонаҳо ва ғайра.

Тумани гарм – табдил ёфтани маҳлули ҳашароткӯш ба шакли туман дар ҳарорати гарм мебошад. Тумани гарм ба ҷойҳои дастнорас: тарқишҳо, қабатҳои анҷоми хоб, мебели мулоим, системаи ҳавотозакунӣ, пушти плинтусҳо ва дигар ҷойҳо даромада ҳашаротро нест мекунад. Махсусан барои мубориза бар зидди кайку шабзод самаранок аст.

Тумани сард – табдил ёфтани маҳлули ҳашароткӯш ба заррачаҳои бениҳоят хурд (аэрозолӣ) дар ҳарорати паст мебошад. Тумани сард ба воситаи генераторҳо пошида мешавад, ки маҳлул дар ҳолати аэрозолӣ дар ҳама сатҳҳо, инчунин ҷойҳои дастнорас баробар пошида шуда, аз он ҳеҷ осор намемонад. Барои мубориза бар зидди мӯрчаҳо, магасҳо, канаҳо ва ғайра самаранок аст.

Таҷҳизот ва маводҳо
Мо аз генераторҳои ҳозиразамони тумани сард ва гарм, дорупошакҳои дастӣ ва муҳаррикдор, аэрозолҳо, инчунин, таҷҳизоти муҳаррикдор барои пошидани маводҳои  хокагӣ истифода мебарем. Ҳама маводҳое, ки барои гузаронидани дезинсексияи ҳашароти рӯзғор истифода мебарем, дорои ҳуҷҷатҳои расмии воридот ва сертификати мутобиқат мебошанд. Истифодаи маводҳо бо риояи меъёрҳои тавсияшуда барои одамон бехатар мебошанд ва таъсири дарозмуддат доранд.
Бо дархости муштарӣ, коркарди иншоот бо маводҳои бебӯй имконпазир аст.

Иншоотҳое, ки мо коркарди дезинсексионӣ мегузаронем
Биноҳои истиқоматии бисёрошёна ва хонаҳои заминӣ.
Таҳхонаҳо, болохонаҳо, зинапояҳо.
Муассисаҳо: мактабҳо, боғчаҳои бачагона, беморхонаҳо
Корхонаҳо: хӯрокворӣ, истеҳсолӣ, анборҳо.
Кафеҳо, тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва ғайраҳо.
Пеш аз гузаронидани чорабиниҳои мубориза ба муқобили ҳашароти рӯзғор барои омода сохтани иншоот пеш аз гузаронидани коркард ва чорабиниҳои тозакунӣ баъди коркард ба муштарӣ маълумот медиҳем.