Либосҳо, бозичаҳои нарм ва дигар ашёи шахсиро бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии ҳашароти рӯзғори зараррасон аз қабили: шабзод, кайк, шабуш, кана ва ғайраҳо дар камераҳои дезинсексионӣ бо истифодаи ҳаво ё буғи гарм коркард гузаронидан лозим аст. Ин усули кафолатнок буда, барои ашёҳо одамон тамоман бехавфу  бехатар мебошад.
Ширкати мо хизматрасонии дезинсексияи термикии ашёҳоро дар камераи махсуси дезинсексионӣ пешниҳод мекунад, ки дар он ҳавои гарм ва буғи намнок дар ҳарорати баланд истифода мешаванд ва он барои ҳама давраҳои афзоиши ҳашарот ҳалокатовар аст.

Камераи дезинсексионӣ чист?
Камераи дезинсексионӣ – дастгоҳи герметикие мебошад, ки бо системаи гармидиҳии ҳаво ва буғ муҷаҳҳаз шуда, барои коркарди термикии (ҳароратӣ) ашёҳо пешбинӣ гардидааст. Камераи дезинсексионӣ имконият медиҳад, ки дар дохили он режими муайяни ҳароратро нигоҳ дошта, тамоми ашёҳои онро баробар гарм кунем.

Тарзи гузаронидани коркард
Камераи дезинсексионӣ вобаста ба намуди ашёи коркардшаванда дар ҳарорати аз 60°С то 120°С гарм карда шуда, ба муддати аз 15 то 30 дақиқа, вобаста ба намуди ҳашарот нигоҳ дошта мешавад. Коркард бо истифода аз ҳавои гарми хушк ё буғи гарм, ки ба ҳама ҷои ашёҳо ворид мегардад, анҷом дода мешавад. Ҳарорати баланд сафедаҳо ва мубодилаи моддаҳоро дар организми ҳашароти зараррасон вайрон карда, онҳоро ба марг мерасонад.

Кадом ашёҳоро коркард гузаронидан лозим?
Кӯрпаю кӯрпача, болишт, рӯйпӯш.
Либоси хоб, либоси болоӣ ва либоси корӣ.
Бозичаҳо, мебели мулоим, пардаҳо.
Пойафзол, кулоҳ.
Маҳсулоти пашм ва пӯст. 
Дигар ашёҳо.

Афзалиятҳои коркард
100% нест кардани ҳашарот дар ҳама марҳилаҳо: тухм, кирмина, болиғ
Бе истифодаи маводҳои кимиёвӣ – бехатар барои одамон, ҳайвонот ва муҳити зист
Бехатар барои ҳама ашёҳо, бо риояи ҳарорати тавсияшуда
Набудани доғҳо ва бӯи нофорам
Баъди коркард шӯстан ва тоза кардан ҳоҷат надорад.

Кадом вақт коркарди камеравӣ гузаронида мешавад?
Вақте ки сирояти шабзод, шабуш ва дигар ҳашарот рӯй медиҳад
Баъди баргаштан аз сафари хизматӣ, мехмонхона ё ҷойхое, ки шароити санитарии номусоид доранд
Дар доираи назорати профилактикӣ ва санитарӣ дар муассисаҳо: беморхонаҳо, боғчаҳои бачагона, хобгоҳҳо, қисмҳои низомӣ ва ғайра
Ҳангоми ба хонаи нав кӯчидан, махсусан бо мебел.

Кафолатҳои мо
Анҷом додани коркард аз ҷониби мутахассисони ботаҷриба
Назорати ҳарорат ва вақти нигоҳдорӣ Риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ.