Ашёҳое, ки одамон истифода мекунанд: анҷоми хоб, сару либос, қолину пардаҳо, бозичаҳои кӯдакон ва дигар ашёҳо барои ҳашароти гуногуни рӯзғор, аз қабили: шабзод, кайк, шабуш, кана ва дигар зараррасонҳо метавонанд паноҳгоҳ ва ҳатто макони афзоиш гарданд.
Ширкати мо безараргардонии кафолатноки ашёҳои номбурдаро бо истифода аз маводҳои босифат ва таҷҳизоти замонавӣ пешниҳод мекунад.
Кадом ашёҳоро коркард гузаронидан лозим?
Кӯрпаю кӯрпача, болишт, рӯйпӯш.
Либоси хоб, либоси болоӣ ва либоси корӣ.
Бозичаҳо, мебели мулоим, пардаҳо.
Матоъҳои тиббӣ (дар беморхонаҳо, санаторияҳо ва ғайра).
Дигар ашёи рӯзғор.
Усулҳои коркард
Усули намнок – Маҳлулҳои кории инсектисидҳо ба ашёҳо бо истифода аз дорупошакҳои дастӣ ва муҳаррикдор пошида мешаванд. Ашёҳое, ки намиро ба худ меҷабанд (кӯрпаю кӯрпачаҳо, болиштҳо) аз ҳарду тараф коркард карда мешаванд. Махсусан, дарзҳо ва ҷойҳои қатшудаи матоҳо бештар аҳамият дода мешавад.
Усули тумани гарм ва сард – бо истифода аз генераторҳои тумани гарм ё сард, маҳлули корӣ дар шакли туман пошида мешавад, ки ҷойҳои дастнорас пурра коркард мешаванд. Ин усул, махсусан ҳангоми коркарди мебелҳо ва либосҳои овезон самараноктар аст.
Маводҳо барои истифода:
Инсектисидҳои муосир, ки бо риояи меъёрҳо ва қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми истифода барои муҳити зист ва одамон бехавфанд
Баъди коркард бо маҳлулҳои корӣ дар ашёҳо доғ ва бӯй намемонад
Маводҳо барои канаҳо ҳам таъсирноканд.
Таҷҳизоту дастгоҳҳо
Генераторҳои тумани гарм ва сард
Дорупошакҳои дастӣ ва муҳаррикдор.
Дар куҷо коркард гузаронида мешавад?
Дар биноҳои истиқоматӣ (ҳангоми сирояти шабзод, кайк, шабуш ва ғайра)
Дар меҳмонхонаҳо ва хобгоҳҳо
Дар беморхонаҳо, боғчаҳои кӯдакона, мактаб-интернатҳо
Дар амборҳо ва фабрикаҳои дӯзандагӣ.
Афзалиятҳои коркард
Ба ашёҳо ва предметҳои коркард гузаронидашуда осеб ва таъсири манфие намерасад
Коркарди ҳама паноҳгоҳҳо ва сурохиҳое, ки ҳашароти зараррасон вуҷуд дорад
Бехатарӣ барои одамон, ҳайвонот ва муҳити зист Таъсири зуд ва давомдор.