Хомӯшакҳо на танҳо манбаи асабонӣ ва нороҳатии одамон, балки интиқолдиҳандаи бемориҳои хатарноки сироятии вараҷа, вируси Нили Ғарбӣ, вируси Зика, табларзаи Денге, баъзе энцефалитҳо ва ғайра мебошанд. Мушкилот бо хомӯшакҳо махсусан дар фасли тобистон ва тирамоҳ, вақте ки дар ҷойҳои намноки гарм афзоиш ёфтани онҳо зиёд аст, мушоҳида мешавад.
Ҷойҳое, ки хомӯшакҳо афзоиш ёфта, зиёд мешаванд:
Таҳхонаҳо ва роҳҳои зеризаминии намнок
Обанборҳо, обҳои истода, кӯлҳо, заҳбурҳо, ҷуйборҳо
Майдонҳое, ки заҳбур надоранд ва намии баланд доранд
Минтақаҳои алафзору ҷангалзорҳо
Буттаҳо, гӯшаҳои намнок ва торик
Канализатсияҳо, стансияҳои насосӣ, магистралҳои гармидиҳӣ ва ғайра.
Усулҳои мубориза бар зидди хомӯшак
Мо усулҳои ҳозиразамон ва омехтаро истифода мебарем, ки ҳам нобудшавии хомӯшакҳои болиғ ва ҳам пешгирии пайдоиши онҳоро таъмин мекунанд:
Усули намнок – пошидани маҳлулҳои ҳашароткӯш ба сатҳҳо, деворҳо, фаршҳо ва ҷойҳои ҷамъшавии хомӯшакҳо мебошад. Ин усул дар таҳхонаҳо, камераҳои гармидиҳӣ ва биноҳои хоҷагӣ истифода мешавад.
Тумани гарм яке аз усулҳои самараноктарин мебошад. Коркард бо генераторҳои махсус, ки маҳлули ҳашароткӯшро дар шакли тумани ҳарорати баланд мепошанд, гузаронида мешавад. Тумани гарм ба тарқишҳо, дохили буттаҳо, зери шифтҳо ва дигар ҷойҳои дастнорас даромада, паноҳгоҳҳои хомӯшакҳоро пурра фаро гирифта, онҳоро ба марг мерасонад.
Тумани сард маҳлули ҳашароткӯши дар шакли заррачаҳои аэрозолии хурд мебошад, ки зери фишор дар ҳарорати паст пошида мешавад. Ин усул дар майдонҳои кушод, атрофи биноҳо, дар боғҳо ва ҳавлиҳо ҳангоми набудани шамол хеле самаранок аст. Инчунин, усули номбурда дар дохили биноҳо ҳам ба муқобили хомӯшакҳо истифода мешавад.
Пошидани маҳлулҳо бо усули аэрозолӣ дар мавзеъҳое, ки хомӯшакҳо зиёданд, махсусан дар ҷойҳои кушода ва майдонҳои калоне, ки алафу растании бисёр доранд, гузаронида мешавад.
Таҷҳизот барои истифода
Генераторҳои тумани гарм ва сард
Дорупошакҳои касбии дорои фишори баланд барои масоҳатҳои калон, аэрозолҳо
Дорупошакҳои механикӣ ва муҳаррикдор
Ин таҷҳизоту дастгоҳҳо маводро зери фишор ба заррачаҳои хурд табдил дода, ба сатҳҳо ва паноҳгоҳҳои хомӯшакҳо баробар пошида, безараргардонии самарабахшро ҳатто дар минтақаҳои дастнорас таъмин мекунад.
Хусусиятҳои коркард
Интихоби вақти коркард (субҳ ё шом, вақте ки хомӯшакҳо фаъоланд)
Коркарди минтақаҳои дохилӣ ва берунии иншоот
Коркарди профилактикии фосилавии мавсимӣ аз рӯи имконият
Коркарди такрорӣ дар ҳолати зиёд будани хомӯшакҳо дар иншоот
Бартариҳои хизматрасонии мо
Несту нобуд кардани самараноки хомӯшакҳои болиғ ва кирминаи онҳо
Истифодаи маводҳои муосири бо таъсири дарозмуддат Гузаронидани коркарди ба одамон, ҳайвонот ва растаниҳо бе зарар (ҳангоми риояи тавсияҳо ва чораҳои бехатарӣ).