Магасҳо на танҳо ҳашароти нороҳаткунанда, балки интиқолдиҳандагони бисёр бемориҳои хатарноки сироятӣ: дизентерия, салмонеллёз, вабо, гелминтоз ва дигар сироятҳои рӯда мебошанд. Дар ҷойҳое, ки партовгоҳҳо, ғизо ё минтақаҳои санитарӣ мавҷуданд, магасҳо зиёдтар хатарноканд.
Ширкати мо несту нобуд намудани магасҳоро бо истифода аз усулҳо, таҷҳизоти замонавӣ ва маводҳои химиявии босифат анҷом дода, коркарди натиҷабахшро муқобили магасҳо дар иншоотҳои  шумо кафолат медиҳад.

Иншоотҳое, ки коркард гузаронида мешавад
Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ
Ҳоҷатхонаҳо, дастгоҳҳои санитарӣ, ҳаммом
Партовгоҳҳо, қубурҳои партовпартоӣ, гирду атрофи партовгоҳҳо
Минтақаҳои назди муассисаҳои хӯрокворӣ ва тиббӣ
Амборҳо ва майдонҳои истеҳсолӣ
Ошхонаҳо, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо ва ғайра.

Усулҳое, ки мо истифода мебарем
Усули намнок – бо истифода аз маҳлулҳои инсектисидӣ ва таҷҳизоти муосир дар ҷойҳое, ки магасҳо ҷамъ мешаванд: чорчубаҳо ва зертахтаҳои тирезаҳо, деворҳо, минтақаҳои партовҷамъкунӣ, обпартоҳо ва ғайра гузаронида мешавад. Коркард вобаста ба иншоот бо таҷҳизоти дастӣ ё муҳаррикдор гузаронида мешавад.

Тумани гарм  – коркард бо генераторҳои махсус, ки маҳлули ҳашароткӯшро дар шакли тумани ҳарорати баланд мепошанд. Маҳлули корӣ дар шакли буғи заҳролуд ҳама ҷойҳои бино, аз он ҷумла ҷойҳои дастнорасро пурра фаро гирифта, магасҳоро несту нобуд месозад.      

Тумани сард – маҳлули кориро дар шакли заррачаҳои аэрозолии хурд (тумани намнок) мепошад. Ин усул ҳам дар дохили биноҳо ва ҳам дар атрофи онҳо хеле самаранок аст.

 Усули омехта – дар ҳолати аз ҳад зиёд будани магасҳо дар иншоот коркарди дукарата гузаронида мешавад: аввал бо усули тумани гарм ё тумани сард коркард намуда, баъдан ҷойҳое, ки магасҳо бисёр ҷамъ мешаванд, бо усули намнок коркард гузаронида мешавад. Ин натиҷаи коркардро самараноктар ва таъсири маводро дарозмуддат мегардонад. 

Таҷҳизот
Генераторҳои тумани гарм ва сард
Дорупошакҳои механикӣ ва муҳаррикдори фишорашон баланд
Дорупошакҳои махсус барои минтақаҳои санитарӣ

Хусусиятҳои коркарди мо
Манбаъҳои афзоиш ва ҷойҳои ҷамъшавии магасҳоро муайян мекунем
Ҳама нуқтаҳои эҳтимолии тухмгузорӣ ва ҷамъшавии магасҳоро коркард мекунем
Маводҳоеро истифода мебарем, ки ҳангоми риояи меъёрҳои истифода ва техникаи бехатарӣ ба муҳит ва одаму ҳайвонот безараранд. Оид ба гузаронидани корҳои пешгирикунандаи санитарӣ тавсияҳо медиҳем.