Ҳавои тоза ва форам дар нақлиёт гарави сафари бароҳат ва бехатар аст. Аксар вақт дар дохили нақлиёт бӯйҳои ногувор пайдо мешаванд: дуди тамоку, бӯи ғизо, бӯи намӣ ё ҳайвонот ва дигар бӯйҳо. Ин бӯйҳо нороҳатиро эҷод карда, мавҷудияти бактерияҳо, замбурӯғҳо, мағор ва дигар микроорганизмҳоро нишон медиҳанд.
Мо дезодоратсияи касбии автомашинаҳои сабукрав, инчунин, мусофирбарро бо истифода аз усулҳои муосир пешниҳод менамоем, ки бӯйҳоро нест карда, ҳавои дохили нақлиётро тоза менамоянд.

Сабаби пайдоиши бӯйҳои нофорам дар дохили нақлиёт
Шамолдиҳии нокифоя ва намӣ боиси пайдоиши мағор ва бӯй мегарданд.
Тамокукашӣ дар дохили нақлиёт бӯи доимии тамокуро ба вуҷуд меоварад.
Пайдоиши бӯйҳо ҳангоми интиқоли хӯрока, ҳайвонот ва заҳрхимикатҳо.
Чиркин будани рӯйпӯши курсиҳо ва қолинчаҳои фарш метавонанд манбаи бӯйи нохуш гарданд.

Усулҳои дезодоратсияи автомашинаҳои сабукрав
Бо гази Озон
Гази Озон бактерияҳо, вирусҳо, замбурӯғҳо ва бӯйҳои гуногунро самаранок нест мекунад.
Ба ҳама ҷойҳои дастнораси дохили нақлиёт даромада метавонад.
Ҳангоми риояи талаботҳо истифода кардан бехатар буда, ҳузури одамон ҳангоми коркард қатъиян манъ аст.

Бо хушбӯйкунандаҳои махсус
Маводҳои консентратсионӣ, ки бӯи нофорамро бартараф мекунанд, ба дохили нақлиёт бӯи хуш мебахшанд.
Дар асоси интихоби шумо истифода карда мешаванд – аз бебӯй то хушбӯйиҳои гуногун.

Бо дезодораторҳои химиявӣ
Маводҳои химиявие, ки сохтори молекулаҳои бӯйро вайрон карда, бӯйро нест мекунанд;
Бар зидди бӯйи устувортарин ва мураккаб самараноканд.

Тартиби гузаронидани дезодоратсияи автомашинаҳои сабукрав
Тозакунии пешакӣ – тоза намудани дохили нақлиёт, қолинчаҳои фарш, рӯйпӯшҳои курсиҳо ва панҷараҳои вентилятсионӣ.

Интихоби усули дезодоратсия – дар асоси таҳлили сабаби пайдоиш ва намуди мушкилот.
Гузаронидани коркард – бо гази Озон, хушбӯйкунандаҳои махсус ё истифодаи маводи консентратсионии химиявӣ.
Шамолдиҳӣ – дар ҳолати зарурӣ, барои пурра тоза шудани боқимондаҳои маводҳо.
Назорати натиҷа – дар ҳолати зарурӣ такроран гузаронидани коркард.

Афзалиятҳои дезодоратсияи касбии автомашинаҳои сабукрав:
Бартараф кардани бӯйҳои устувор ва нофорам.
Тоза кардани ҳаво аз микроорганизмҳои зараровар.
Ҳавои ботаровати дарозмуддат.
Коркарди зуд бе осеб ба дохили нақлиёт.
Бехатарӣ барои саломатии ронанда ва мусофирон, бо риояи технологияи коркард.

Чаро моро интихоб мекунанд?
Истифодаи маводҳои хушсифат ва бехатар.
Мутахассисони ботаҷриба ва таҷҳизоти касбии муосир.
Муносибати инфиродӣ бо ҳар як Муштарӣ.
Кафолати натиҷаҳои баландсифат дар муддати кӯтоҳ.
Гузаронидани коркард дар вақти мувофиқ барои Муштарӣ.