Дезодоратсия – ин бартарафсозии бӯйҳои нофорам дар биноҳои таъиноти гуногун мебошад. Дезодоратсияи касбӣ структураи манбаи бӯйро вайрон карда, иншоотро безарар ва бӯйро ба пуррагӣ нест мекунад.
Ширкати мо дар биноҳои муассисаю корхонаҳо, хонаҳои истиқоматӣ, офисҳо, анборҳо ва дигар иншоотҳо бо истифода аз гази Озон, хушбӯйкунандаҳои махсуси ҳаво ва дигар маводи химиявӣ, ки барои истифода иҷозат дода шудаанд, дезодоратсия мегузаронад.
Кадом вақт дезодоратсия лозим аст?
Баъд аз сӯхтор ва дуд.
Баъд аз обхезӣ ва намии баланд (бӯи намӣ ва мағор).
Ҳангоми муддати дароз дар дохили хона будани ҳайвонот.
Мавҷуд будани бӯи дуди тамоку.
Баъди корҳои таъмиру сохтмон (нест кардани бӯи ранг, ҳалкунандаҳо ва ғайра).
Баъди дезинсексия, дератизатсия ё фумигатсия.
Барои нест кардани бӯйҳои ҷасад, пӯсида ва моддаҳои кимиёвӣ.
Усулҳои дезодоратсия
Бо гази Озон:
Озон оксидкунандаи пурқувватест, ки молекулаҳои бӯйро вайрон карда, бактерия, вирус, мағор ва замбурӯғҳоро мекушад.
Гази Озон ба ғайр аз нест кардани бӯй, инчунин, ҳаворо низ тоза мекунад.
Гази Озонро дар ҳама намуди биноҳо, аз ҷумла истиқоматӣ истифода бурдан мумкин аст.
Бо хушбӯйкунандаҳои махсус:
Маводҳои консентратсионии касбӣ, ки бӯйро нест мекунанд.
Интихоб ва истифодаи хушбӯйкунандаҳо, вобаста ба таъиноти бино (меҳмонхонаҳо, офисҳо, утоқҳои корӣ, мағозаҳо ва ғайра).
Истифодаи дезодораторҳои химиявӣ:
Маводҳои химиявие, ки молекулаҳои манбаи бӯйро бо роҳи химиявӣ вайрон ва нобуд мекунанд.
Маводҳое, ки ба муқобили бӯи устувори пайдоиши органикӣ ва ғайриорганикӣ самараноканд.
Тартиби гузаронидани коркард
Аз назар гузаронидани иншоот – муайян кардани манбаи бӯй ва интихоби усул.
Омода намудани бино – бартараф кардан ё баровардани манбаи бӯй.
Коркард бо усули интихобшуда – гази Озон, хушбӯйкунандаҳо ё дезодоратори химиявӣ.
Шамолдиҳӣ – то он даме, ки ҳавои тоза пурра барқарор карда шавад.
Назорати натиҷа – агар лозим бошад, гузаронидани коркарди такрорӣ.
Бартариятҳои дезодоратсияи касбӣ
Бартарафкунии пурраи бӯй.
Ҳамзамон несту нобуд кардани микроорганизмҳои зараровар.
Таъсири дарозмуддат.
Имконияти коркарди биноҳои калон ва мураккаб.
Бехатарии одамон ва ҳайвонот (бо риояи технологияи коркард ва техникаи бехатарӣ).
Бехатарии коркард
Мо танҳо маводҳои дорои ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва сертификати мутобиқатро истифода мебарем. Ба ҳама стандартҳо, талаботҳо ва қоидаҳои санитарӣ мувофиқат мекунем. Коркард аз ҷониби мутахассисони ботаҷриба, бо истифода аз таҷҳизоти касбӣ ва риояи қатъии қоидаҳои техникаи бехатарӣ анҷом дода мешавад.
Чаро моро интихоб мекунанд?
Таҷрибаи кор дар намудҳои гуногуни биноҳо – аз хонаҳои истиқоматӣ то корхонаҳои саноатӣ.
Таҷҳизоти муосир ва усулҳои самаранок.
Интихоби махсуси усулҳои дезодоризатсия, вобаста ба иншоот ва мушкилот.
Бартараф кардани бӯйҳои гуногун. Агар тароват ва роҳатро дар бинои худ хоҳед, аз дезодоризатсияи касбии кафолатнок истифода баред.
Мо коркардро дар вақти барои шумо мувофиқ анҷом медиҳем ва дар аввалин коркард натиҷаро таъмин менамоем.