Фумигатсия усули муосир ва хеле самараноки ҳифзи маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳашароти зараррасон, канаҳо ва хояндаҳо дар ҳама давраҳои афзоиши онҳо мебошад. Гази фосфин ҳангоми гузаронидани фумигатсия ба дохили маҳсулот чуқур ворид шуда, на танҳо зараррасонҳои болиғ, балки кирмина, зоча ва тухми онҳоро ҳам нест мекунад.
Ширкати мо фумигатсияи ғалла ва маҳсулоти ғалладона, тамоку, тухмӣ дар халтаҳо дар анборро мегузаронад. Мо танҳо маводҳои сифатнокро истифода мебарем ва ба стандартҳои бехатарӣ, ки нигоҳ доштани сифати маҳсулотро кафолат медиҳанд, риоя мекунем.
Хусусияти фумигатсияи маҳсулот дар халтаҳо
Дар халтаҳо нигоҳ доштани маҳсулот онро аз осеби механикӣ муҳофизат мекунад, аммо аз воридшавии ҳашарот ва зарари онҳо муҳофизат намекунад. Ба дохили халтаҳо ҳаво медарояд ва гази фосфин низ баъди таҷзия шудани фосфиди алюминий метавонад дохили халтаҳо шавад, ва дар беруну дохили халтаҳо зараррасонҳоро пурра нест мекунад.
Тарзи гузаронидани чорабинӣ
Тайёр кардани бино: Бино ё анборро бо диққат аз назар гузаронида, ба таври герметикӣ маҳкам будани онро муайян кардан лозим. Ҳангоми ошкор кардани ҷойҳои сурох ё тарқишҳо онҳоро бо плёнка ё дигар мавод маҳкам кардан лозим.
Ҷойгиршавии халтаҳо: Маҳсулот дар халтаҳо тавре дар бино ҷой дода мешавад, ки байни девору маҳсулот ва байни қаторҳои маҳсулот барои гузоштани фумигант ва гардиши озоди газ фосила мавҷуд бошад.
Гузоштани фумигант: Мо фосфиди алюминийро дар шакли ҳабҳо истифода мебарем. Меъёри сарфи фосфиди алюминий вобаста ба намуди маҳсулот, ҳаҷм ва ё вазни он, ҳаҷми бино ва ҳарорати ҳаво ҳисоб карда мешавад. Ҳангоми тамоси фосфиди алюминий бо намии ҳаво гази фосфин (PH₃) ҳосил мешавад, ки инсектисид ва акарисиди сахттаъсир аст.
Экспозитсия – Вақте мебошад, ки вобаста ба ҳарорати ҳаво ва намӣ нигоҳ доштани маҳсулот дар зери консентратсияи гази фосфин, ки барои пурра нест кардани зараррасонҳо зарур аст. Ин мӯҳлат вобаста ба ҳарорати ҳаво 5-10 шабонарӯзро ташкил медиҳад.
Дегазатсия – Баъди ба анҷом расидани мӯҳлати экспозитсия бино (маҳсулот) то пурра нест шудани газ шамол дода мешавад.
Назорат – баъди шамол додан дараҷаи консентратсияи газро дар бино ва маҳсулот чен кардан лозим, то ба кормандони иншоот ва истеъмолкунандагони маҳсулот бехатар бошад.
Бартариятҳои усул
Пурра несту нобуд намудани ҳама зараррасонҳо – таъсири марговар дар ҳама давраҳои афзоиши зараррасонҳо: тухм, кирмина, зоча, болиғ.
Дохилшавии газ – газ хусусияти ба дохили халтаҳо ва дохили маҳсулот ворид шуданро дорад.
Нигоҳ доштани сифати маҳсулот – бо риоя кардани технологияи дурусти коркарди фумигатсионӣ хусусиятҳои маҳсулот ва сифати он тағйир намеёбанд.
Коркарди ҳаҷмҳои калон – дар як вақт садҳо тонна маҳсулотро коркард кардан мумкин аст.
Муҳофизати дарозмуддат – баъди коркард маҳсулот дар тамоми давраи нигоҳдорӣ аз зараррасонҳо эмин мемонад.
Риояи бехатарӣ
Фумигатсия – ин гузаронидани коркард бо маводҳои аз ҳад зиёд заҳрнок аст, бинобар ин онро танҳо мутахассисони ботаҷрибае анҷом медиҳанд, ки иҷозатнома ва таҷрибаи кор бо фумигантҳоро доранд, инчунин, қоидаҳои техникаи бехатариро пурра риоя мекунанд.
Кормандони мо:
Противогазҳои замонавиро бо филтрҳои муҳофизатӣ аз гази фосфин истифода мебаранд.
Тибқи Оинномаи тасдиқшуда кор мекунанд.
Консентратсияи гази боқимондаро дар бино ва маҳсулот назорат мекунанд.
Бехатарии кормандони иншоот ва муҳити атрофро таъмин менамоянд.
Бартариҳои хизматрасонии мо
Маводҳои сифатнок ва таҷҳизоти муосир.
Мутахассисони ботаҷрибаи дорои иҷозатномаҳои коркард бо фосфиди алюминий.
Риояи қатъии стандартҳо ва дастурҳо.
Натиҷаҳои кафолатнок – пурра нест кардани зараррасонҳо; Нигоҳ доштани сифат ва хусусиятҳои маҳсулот.