Фумигатсияи зери хайма ё плёнка усули самараноки нест кардани зараррасонҳо дар халтаҳои орд, гандум, тамоку, тухмӣ ва ғайра мебошад. Ин усул ҳангоми миқдори ками маҳсулот дар анбори калон будан, анбори ҳолати санитарӣ техникиаш бад, анборҳои қисман пӯшида ва ҳатто дар фазои кушод гузаронида мешавад. Фумигатсияи зери хайма имконият медиҳад, ки фазои ҳаҷми лозимае тайёр кунем, ки гази фосфин дохили он баробар тақсим шуда, дохили халтаҳо низ даромада, зараррасонҳоро ба марг дучор мекунад.
Хусусиятҳои усул
Барои гузаронидани фумигатсияи зери хайма халтаҳои маҳсулотро ба андозаи баландии на аз 2,5 метр зиёд ва паҳноии якхела болои ҳам мегузоранд. Баъдан онро бо хайма ё плёнкаи газногузар мепӯшонанд. Канорҳои хаймаро бо рег, тасмаҳои резинӣ ё вазнҳои металлӣ ба замин ба таври герметикӣ зер карда, мепечонанд. Ин имконият медиҳад, ки консентратсияи лозимаи гази фосфин ба даст оварда шавад. Ин усул махсусан дар майдонҳои кушод, саҳро ва ё анборҳои муваққатӣ мувофиқ аст.
Тартиби гузаронидани коркард
Тайёр кардани маҳсулот.
Халтаҳо тарзе гузошта мешаванд, ки гардиши газ дар зери хайма хуб гузарад.
Санҷиши герметикӣ будани хайма ва мавҷуд набудани намии аз ҳад зиёд.
Аз рӯи меъёрҳои сарф ва риояи талаботҳо гузоштани фумигант ба маҳсулоти зери хайма.
Ба таври герметикӣ печонидани маҳсулот бо хайма.
Экспозитсия – ин мӯҳлате мебошад, ки халтаҳои маҳсулот зери хайма дар консентратсияи муайян бо назардошти ҳарорат ва намӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ин мӯҳлат вобаста ба ҳарорати ҳаво 5-10 шабонарӯзро ташкил медиҳад. Дар ҳарорати паст мӯҳлати нигоҳдорӣ зиёдтар мешавад.
Дегазатсия – Баъди ба анҷом расидани мӯҳлати экспозитсияи маҳсулот хайма кушода мешавад ва то пурра нест шудани гази фосфин шамол дода мешавад.
Афзалиятҳои фумигатсияи зери хайма
Фумигатсияи зери хаймаро қариб дар ҳама ҷой гузаронидан имконпазир аст.
Талаботҳои минималӣ барои бино – ба таври герметикӣ маҳкам будани анбор шарт нест.
Самаранокӣ – гази фосфин ба дохили халтаҳо ва маҳсулот даромада, ҳашароти зараррасонро дар ҳама ҷои зери хайма нест мекунад.
Сарфакорӣ – усули фумигатсияи зери хайма нисбати фумигатсия дар анбор хароҷотҳои камтарро талаб мекунад.
Нигоҳ доштани сифати маҳсулот – бо риояи меъёрҳо ва талаботҳои коркард маҳсулот сифат ва хусусиятҳояшро гум намекунад.
Чораҳои бехатарӣ
Кор бо фосфиди алюминий риояи қатъии чораҳои бехатариро талаб мекунад.
Истифодаи воситаҳои муҳофизатии инфиродии махсус (противогаз бо филтри “В”).
Манъ кардани ҳузури одамон ва ҳайвонот дар минтақаи коркард.
Назорати консентратсияи боқимондаи гази фосфин пеш аз интиқол додани маҳсулот.
Анҷом додани корҳои фумигатсионӣ танҳо аз ҷониби мутахассисони ботаҷриба.
Чаро муштариён ин усулро интихоб мекунанд
Барои шароити саҳро ва нигаҳдории муваққатӣ мувофиқ аст.
Имконияти коркарди маҳсулот бевосита дар ҷои нигоҳдорӣ.
Кам будани хароҷот ва корҳои омодагӣ.
Пурра нест кардани зараррасонҳо ҳатто дар ҷойҳои дастнорас. Агар маҳсулоти шумо дар халтаҳо нигоҳ дошта шаванд ва имкони гузаронидани корҳои фумигатсионӣ дар бино мавҷуд набошад, фумигатсияи зери хайма ё плёнка роҳи камхарҷ ва кафолатнок аст.
Мо сифати баланди кор, бехатарии шумо ва нигоҳдории дарозмуддати маҳсулоти шуморо таъмин хоҳем кард.