Нигоҳ доштани ғалла, тамоку ва тухмӣ дар шакли яклухт дар амбор аз зарари ҳашароти зараррасон муҳофизати махсусро талаб мекунад. Ҳашарот, канаҳо ва хояндаҳо метавонанд дар муддати кӯтоҳ ба ҳосил зарари калон расонда, сифати онро паст карда, барои фурӯш ва кишт номувофик гардонанд. Усули самарабахши мубориза бо онҳо фумигатсия бо истифодаи маводҳои фосфиди алюминий ва фосфиди магний мебошад.

Моҳияти усул
Фосфиди алюминий (фосфиди магний) дар шаклҳои ҳаб, ғелак, пластина ва ғайра истеҳсол шуда, фумиганти хеле самаранок аст, ки ҳангоми тамос бо намӣ гази фосфин (PH₃) хориҷ мекунад. Гази фосфин ба дохили қабати яклухти ғалла ба осонӣ даромада, ҳамаи ҳашароти зараррасонро дар тамоми давраҳои инкишоф – аз тухм то болиғ нест мекунад. Фумигатсия имкон медиҳад, ки тамоми ҳаҷми маҳсулотро, аз ҷумла қабатҳои дастнорасе, ки дигар инсектисидҳо ворид шуда наметавонанд, коркард кунем.

Тарзи гузаронидани коркард
Тайёр кардани анбор – ба таври герметикӣ маҳкам кардани анбор барои пешгирӣ кардани паҳншавии газ ба атроф.

Гузоштани фумигант – бо риояи меъёрҳои сарф ва талаботҳои коркард фосфиди алюминийро баробар ба боло ва дохили маҳсулот мегузорем.

Экспозитсия – вобаста ба ҳарорати ҳаво ва намии нисбӣ зери консентратсияи лозимаи гази фосфин нигоҳ доштани маҳсулот ба мӯҳлати муқарраршуда, ки барои пурра нест кардани зараррасонҳо зарур аст.

Дегазатсия – шамол додани бино ва маҳсулот то консентратсияи бехатари газ.
Назорат – баъди дегазатсия чен кардани консентратсияи гази фосфин пеш аз даромадани кормандон ба иншоот ва ё интиқоли маҳсулот.

Бартариятҳои фумигатсияи маҳсулоти рехташуда
Имконияти коркарди ҳаҷми калон бе интиқол додани маҳсулот ба дигар ҷой.
Пурра нест кардани зараррасонҳо дар ҳама давраҳои афзоиш.
Хусусияти баланди воридшавӣ – коркарди қабатҳои чуқур ва дастнораси маҳсулот.
Намондани боқимондаҳои заҳр дар маҳсулот, ҳангоми риояи меъёрҳо, шамолдиҳӣ ва стандартҳои бехатарӣ.

Афзалиятҳои ҳамкорӣ бо мо
Таҷрибаи зиёда аз 18 сол дар гузаронидани корҳои фумигатсионӣ.
Мо танҳо маводҳои дорои ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва сертификати мутобиқатро истифода мебарем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудаанд.
Мо ба нигоҳ доштани сифати маҳсулот кафолат медиҳем.
Мо ба талаботҳои санитарию техникиро қатъиян риоя мекунем.
Фумигатсияи маҳсулот бехатарӣ ва сифати маҳсулотро муддати дароз нигоҳ медорад.
Ҳосил ва ҳама гуна ашёи худро аз зараррасонҳо муҳофизат намоед фумигатсияи кафолатнокро фармоиш диҳед.