Фумигатсияи биноҳои холӣ – ин коркарди пешгирикунанда ва қиркунанда мебошад, ки барои пурра несту нобуд кардани зараррасонҳо бо кирмина ва тухмашон, ки дар таҷҳизот, сурохиҳои деворҳо ва дигар ҷойҳои дастнорас вуҷуд доранд, равона карда шудааст. Ин гуна коркард, махсусан барои корхонаҳои саноати хурокворӣ, анборҳои ғалла ва орд, осиёбҳо, элеваторҳо, фабрикаҳои истеҳсоли тамоку ва дигар иншоотҳое дахл дорад, ки хавфи пайдо ва паҳн шудани зараррасонҳо вуҷуд дорад.

Фумигатсияи биноҳои холӣ барои чӣ лозим?
Ҳангоми мавҷуд набудани маҳсулот дар анборҳо ва дигар биноҳои истеҳсоли маҳсулот ҳам зараррасонҳо метавонанд дар сурохии деворҳо тарқиши фаршҳо, шахтаҳои ҳавотозакунӣ, дар дохили таҷҳизоти технологӣ ва дигар ҷойҳои дастнорас зиндагӣ кунанд. Дар ҳолати маҳсулот ворид шудан зараррасонҳо зуд ба маҳсулот часпида, афзоиш ёфта паҳн мешаванд, ки боиси зарари калони иқтисодӣ расондан доранд.

Фумигатсияи биноҳои холӣ имконият медиҳад, ки:
Ҳама зараррасонҳои пинҳоншударо нест кунем.
Маҳсулоти ворид мешударо аз осеби зараррасонҳо наҷот диҳем.
Ба талаботҳои фитосанитарӣ мутобиқ бошем.
Мӯҳлати нигоҳдории маҳсулотро дароз кунем.

Кай коркард гузаронидан лозим аст?
Пеш аз воридоти маҳсулоти нав барои нигоҳдорӣ.
Баъди ошкор кардани зараррасонҳо ва пурра тоза кардани бино.
Давра ба давра ҳамчун чораҳои пешгирикунанда.

Тартиби гузаронидани коркард
Тайёр кардани иншоот:
Пурра тоза кардани бино аз пасмондаҳои маҳсулот, ахлот ва чанг.
Ба тарзи герметикӣ маҳкам кардани ҳама сӯрохиҳо, дарҳо, тирезаҳо ва шахтаҳои вентилятсионӣ.

Гузоштани фумигант
Мо маводи Фосфиди алюминийро дар шакли ҳаб истифода мебарем.
Меъёри сарфи мавод дар асоси ҳаҷми бино ва ҳарорати ҳаво ҳисоб карда мешавад.

Экспозитсия: Вақти нигоҳдорӣ вобаста ба ҳарорат ва дараҷаи сироят 3-10 рӯзро ташкил медиҳад.
Дегазатсия: Баъди анҷоми мӯҳлати экспозитсия бино то консентратсияи гази фосфин барои одамон ва муҳит бехатар шудан шамол дода мешавад.

Назорати самаранокӣ: Гузаронидани мониторинг, дар ҳолати зарурӣ гузаронидани коркарди такрорӣ.

Афзалиятҳои фумигатсияи биноҳои холии технологӣ
Пурра нест кардани зараррасонҳо дар тамоми бино.
Имконияти коркарди биноҳои калонҳаҷм.
Самаранокӣ дар мубориза бо ҳашароти зараррасон, ки ба дигар намудҳои коркард тобоваранд.
Муҳофизати дарозмуддати пешгирикунанда.

Бехатарӣ, касбият ва кафолат
Гази Фосфин заҳрнокии аз ҳад зиёд баланд дорад, бинобар ин фумигатсияро танҳо мутахассисоне анҷом медиҳанд, ки иҷозат ва таҷрибаи кор бо фумигантҳоро доранд.
Мо кафолат медиҳем.
Истифодаи маводҳои хушсифати дорои ҳуҷҷатҳои расмӣ.
Назорати қатъии консентратсияи газ дар биноҳо ва муҳити атроф.
Ҳифзи кормандон ва муҳити зист.
Мутобиқ будан ба меъёрҳои санитарӣ.

Бартариятҳои ҳамкорӣ бо мо
Таҷрибаи калон дар гузаронидани фумигатсияи иншоотҳои соҳаҳои хурокворӣ ва хоҷагии қишлоқ.
Таҷҳизоти замонавӣ ва маводҳои хушсифат.
Натиҷаи кафолатнок – пурра нест кардани зараррасонҳо дар ҳама давраҳои афзоиш.
Зуд анҷом додани коркард дар вақти барои Муштарӣ мувофиқ.