Фумигатсия яке аз усулҳои муосир ва хеле самараноки мубориза ба муқобили ҳашарот, канаҳо ва дигар зараррасонҳо мебошад, ки метавонанд ба захираҳои хӯрока, ашёи хоми кишоварзӣ ва дигар маҳсулотҳо зарари ҷиддӣ расонанд.
Мо дар биноҳо, анборҳо, контейнерҳо ва дигар иншоотҳои ба таври герметикӣ пӯшида, ки дар онҳо маҳсулоти хӯрокворӣ, нахи пахта, пӯст, маснуоти чӯбӣ ва дигар маҳсулотҳо нигоҳ дошта мешаванд, коркарди фумигатсионӣ мегузаронем. Коркард бо истифода аз маводҳои муосир ва риояи қатъии талаботҳои санитарию бехатарӣ гузаронида мешавад.

Таъинот ва иншоотҳо барои коркард
1. Маҳсулоти хӯрокворӣ
Орд, ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо, чормағзҳо, меваҳои хушк, чой, қаҳва ва ғайра.
Несту нобуд кардани зараррасонҳо (гамбӯсакҳо, шапаракҳо, канаҳо) дар ҳама давраҳои
афзоиш.
2. Нахи пахта
Муҳофизат кардани нах аз зараррасонҳои пахта ва анбор.
Нигоҳ доштани сифат ва хусусиятҳои нах.
3. Маҳсулоти чарм
Муҳофизат аз гамбӯсакҳои пӯстхӯр, шапаракҳо, кирмҳо.
Нигоҳ доштани қуввати пӯст, сохтор ва намуди зоҳирӣ.
4. Маҳсулоти чубу тахта
Мубориза бар зидди кирми чуб, гамбӯсаки пӯстхӯр ва дигар зараррасонҳо.
Пешгирии вайроншавии сифати маснуоти чубӣ, бастабандӣ, масолеҳи ороишӣ ва сохтмонӣ.

Тартиби гузаронидани коркард
Тайёр кардани иншоот.
Аз назар гузаронидани маҳсулот ва бино.
Муайян кардани дараҷаи мавҷудияти зараррасонҳо.
Ба таври герметикӣ маҳкам кардани бино ё контейнер.

Истифодаи фумигант
Барои коркард фосфиди алюминий ё дигар фумигантҳо истифода мешаванд.
Меъёри мавод аз рӯи ҳаҷми фазои коркардшаванда, навъи маҳсулот ва ҳарорат муайян карда мешавад.

Экспозитсия
Мӯҳлати нигоҳдорӣ аз 3 то 10 рӯз.
Газ дар тамоми ҳаҷм баробар тақсим шуда, ба дохил ва ҷойҳои дастнораси маҳсулоту бастабандӣ дохил мешавад.

Шамолдиҳӣ ва назорат
Баъди коркард бино ё контейнер шамол дода мешавад.
Консентратсияи гази боқимонда то ба дараҷаи бехатар расидан чен карда мешавад.

Бартариятҳои фумигатсия
Нест кардани зараррасонҳо дар ҳама давраҳои афзоиш.
Дохилшавии чуқури газ ба нахҳо, сӯрохиҳо, бастабандиҳо ва тарқишҳо.
Нигоҳ доштани сифати маҳсулот ҳангоми риояи технологияи коркард.
Имконияти коркарди контейнерҳои ба таври герметикӣ маҳкам бе фаровардани бор.
Мутобиқати стандартҳои байналмилалии коркарди маҳсулоти содиротӣ.

Бехатарӣ
Коркарди фумигатсиониро танҳо мутахассисони ботаҷриба бо истифода аз таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ анҷом медиҳанд. Мо меъёрҳои сарф, қоидаҳои санитарӣ, дастур оид ба истифодаи фумигантҳо ва талаботҳоро барои ҳифзи муҳити зист ба таври қатъӣ риоя мекунем.

Чаро муштарӣ моро интихоб мекунад?
Таҷрибаи чандинсола дар фумигатсияи навъҳои гуногуни маҳсулот.
Маводҳои хушсифат ва таҷҳизоти муосир.
Имконияти коркарди ҳаҷмҳои хурд ва калон дар биноҳо ва контейнерҳо.
Натиҷаҳои кафолатнок ва ҳуҷҷатнигории коркард. Мутахассисони мо дар мӯҳлати кӯтоҳтарин коркарди бехатар ва самаранокро барои шумо пешниҳод менамоянд.