Гулҳои ороишӣ ҳавлӣ ва боғҳои моро оро медиҳанд, аммо мутаассифона, ҳашаротҳои зараррасон ва бемориҳои замбурӯғӣ метавонанд арзиши ороишии онҳоро коҳиш дода, боиси хушк ва нест шудани онҳо гарданд.

Ҳашаротҳо ва зараррасонҳои асосии гулҳои ороишӣ:
Ширинчаҳо – ҳашароти хурде мебошанд, ки шарбати баргҳо ва шохаҳоро макида, боиси бад шудани ҳолат ва шакли гулҳо мегарданд.
Тортанакканаҳо –  зараррасонҳои хурде мебошанд, ки дар пушти баргҳо торҳояшонро кашида, болои онҳоро мепӯшонанд, ки боиси зардшавӣ ва оқибат хушкшавии баргҳо мегарданд.
Сафедболакҳо – ҳашаротҳои паррандаи хурди сафед мебошанд, ки ба баргҳо зарар расонида, ҷараёни фотосинтезро суст мекунанд.
Трипсҳо – ҳашаротҳои хурди дорои узвҳои даҳонии сӯрохкунанда-макканда мебошанд, ки шарбати гулу баргҳоро макида, онҳоро хушк мекунанд.

Бемориҳои асосии замбурӯғии гулҳои ороишӣ:
Гардзанӣ (мучнистая роса) – қабати гарди сафед дар баргҳо ва гулҳо пайдо мешавад.
Пӯсиши сиёҳтоб – дар поя ва гулҳо пайдо шуда, дар ҳолати намии баланд афзоиш меёбад.
Доғи сиёҳ – доғҳои сиёҳтоб дар баргҳо пайдо мешаванд, ки боиси бармаҳал рехтани баргҳо мегарданд.

Усулҳои мубориза:
Усули пешгирикунанда
Нигоҳ доштани шароитҳои мусоиди парвариш: обдиҳии дурусти саривақтӣ, равшанӣ ва шамолрасӣ.
Сари вақт бурида партофтани қисмҳои зарардида ва бемори растанӣ.
Барои кам кардани намӣ ва беҳтар кардани гардиши ҳаво аз ҳамдигар дуртар шинондани ниҳолҳои гул.

Усулҳои механикӣ ва биологӣ
Дар сурати бо шумораи кам пайдо шудани ҳашаротҳои зараррасон дастӣ ҷамъ кардан ва нест кардани онҳо.
Истифодаи маҳлулҳои собунҳои инсектисидӣ.
Истифодаи фунгисидҳои биологӣ барои нест кардани сироятҳои замбурӯғӣ.

Усули химиявӣ
Коркард бо маводҳои инсектисидӣ бар зидди ҳашаротҳои зараррасон бо риояи дастурҳо.
Коркард бо маводҳои фунгисидӣ ҳангоми пайдоиши нишонаҳои аввалини бемориҳои замбурӯғӣ.
Риоя намудани мӯҳлатҳои интизории байни коркардҳо ва ҷамъоварии гулҳо.

Тавсияҳо:
Назорат намудани ҳолати гулҳои ороишӣ, махсусан дар мавсими гармӣ ва намнокии баланд.
Бо назардошти ҳолатҳо ва имкониятҳо истифода намудани усули коркарди омехта:  пешгирикунанда, механикӣ, биологӣ ва химиявӣ.
Ҳолати хокро аз назар гузаронида, барои беҳтар намудани иммунитети гулҳо нуриҳои минералӣ додани онҳо.