Бемориҳои замбурӯғӣ ба дарахтони мевадиҳанда, ороишӣ ва сояафкан хавфи ҷиддӣ доранд. Бе коркарди саривақтӣ ва дуруст бемориҳо метавонанд ба кам шудани ҳосил, бад шудани намуди зоҳирӣ ва ҳатто хушк шудани дарахтон оварда расонанд.
Намудҳои асосии бемориҳои замбурӯғӣ:
Қӯтурак (парша) – ба дарахтони себ, нок таъсир мерасонад, ки бо пайдоиши доғҳои сиёҳтоб дар баргҳо ва меваҳо хос аст.
Гардзанӣ (мучнистая роса) – қабати гарди сафед дар баргҳо ва шохаҳо, ки аксар вақт дар гулҳои садбарг ва растаниҳои ороишӣ пайдо мешавад.
Зангзанӣ – доғҳои норанҷӣ-қаҳваранг дар баргҳо, аксар вақт ба дарахтони сӯзанбарг ва сояафкан таъсир мерасонанд.
Фузариоз – таъсир ба решаҳо ва системаи паҳнкунандаи обу маводҳои минералии дарахтон, ки боиси пажмурдашавӣ ва марги дарахтон мегардад.
Усулҳои мубориза:
Чорабиниҳои агротехникӣ
Буридани саривақтии шохаҳои нодаркор ва нест кардани қисмҳои зарардидаи дарахтон.
Тоза кардани баргҳои афтода ва дигар растаниҳо, ки метавонанд ҳамчун манбаи сироят хизмат кунанд.
Интихоби дурусти макони ниҳолшинонӣ, бо назардошти талаботҳои равшанӣ ва шамолрасӣ барои дарахтон.
Чорабиниҳои химиявӣ
Коркард бо фунгисидҳо мувофиқи тавсияҳои истеҳсолкунанда.
Коркардҳои пешгирикунанда дар баҳор ва дар давраи афзоиши фаъоли дарахтон.
Истифодаи маводҳои дорои таъсири системавӣ барои муҳофизати системаи паҳнкунандаи обу маводҳои минералии дарахтон.
Усули биологӣ
Истифодаи маводҳои биологии таркибашон микроорганизмҳои фоидаовар, ки микроорганизмҳои зарароварро нест мекунанд.
Истифодаи навъҳои тобовар ва ҳолаташон хуби дарахтон.
Тавсияҳо:
Барои ошкор намудани аломатҳои сироятёбӣ мунтазам аз назар гузаронидани дарахтон.
Риоя намудани нақшаи коркард ва меъёри сарфи маводҳо.
Барои ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ истифода кардани усулҳои омехтаи коркард.