Дар иншоотҳои муҳими саноатӣ ва стратегӣ, аз қабили зеристгоҳҳои барқӣ, минтақаҳои фурӯдгоҳ – атрофи хатти парвоз, амборҳо ва канораҳои роҳ мавҷудияти алафҳои бегона на танҳо ба коста намудани зебогӣ, балки ба хавфи сӯхтор ва таъсири манфӣ расонидан ба истеҳсолот низ оварда мерасонад.
Дар мавсими хушкӣ хавфи сӯхторро зиёд мекунад.
Дастрасӣ ба таҷҳизот ва инфрасохторро душвор мегардонад.
Ба афзоиш ва паҳншавии ҳашароту хояндаҳо мусоидат мекунад.
Ба бехатарии ҳаракат таъсири бад мерасонад.
Барои пурра нест кардани алафҳои бегона дар ин гуна ҷойҳо гербисидҳои таъсири яклухт истифода мешаванд. Аз ин намуд гербисидҳо маводи маъмултарин Глифосат мебошад, ки ҳама навъҳои алафҳо, аз ҷумла алафҳои бисёрсола ва душворнестшавандаро низ нест мекунад.
Принсипи таъсири Глифосат
Глифосат гербисиди тарзи таъсири системавӣ мебошад. Вай баъди пошидан ба баргу пояи растанӣ дохил шуда, ба решаи он ҳаракат мекунад ва фаъолияти ферментҳои барои нашъунамо заруриро бозмедорад. Дар натиҷа растанӣ дар зарфи 7-14 рӯз, аз ҷумла қисмҳои зеризаминӣ тамоман нобуд мешаванд.
Тавсияҳо барои истифода
Вақти коркард – ҳангоми афзоиши фаъоли алафҳои бегона (ҳарорати ҳаво аз +15 то +30 °C, дар давоми 4-6 соати баъди коркард набудани борон).
Омода кардани маҳлули корӣ – асосан бо маҳлули кории 3-5% -и Глифосат коркард мегузаронанд. Консентратсияи дақиқ аз рӯи дастурамали мавод вобаста ба навъи алафҳои бегона муайян карда мешавад.
Усули пошидан – пошидани якхела ба рӯи алафҳои бегона бо нам кардани баргҳо ва пешгирӣ кардани чакидани маҳлул.
Чораҳои бехатарӣ ҳангоми коркард
Либоси махсус, айнакҳои муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо ва ниқобро истифода бурдан.
Аз заҳролуд шудани обанборҳо эҳтиёт кардан.
Нагузаронидани коркард ҳангоми суръати шамол зиёда аз 5м/с будан.
Фосилаи байни коркардҳо – дар ҳолати зарурӣ баъди 4-6 ҳафта нест кардани алафҳои бегонаи навсабзида.
Афзалиятҳои истифодаи маводи Глифосат дар иншоотҳо
Нобуд кардани пурраи ҳама намуд растаниҳо.
Пешгирии дарозмуддати сабзиши алафҳои бегонаи нав дар иншоот.
Кам кардани хароҷотҳо барои тоза кардани алафҳои бегона бо усули механикӣ ё дастӣ.
Баланд бардоштани бехатарии сар задани сӯхтор. Илова ба хизматрасонӣ дар минтақаҳои саноатӣ, ширкати мо омода аст, ки барои муштариёни хусусӣ нест кардани алафҳои бегонаро дар майдончаҳои наздиҳавлигӣ ба роҳ монад. Агар дар боғҳо, роҳравҳо ё дигар мавзеъҳо алафҳои бегона рӯида, ба нигоҳубин ва истифодабарии замин халал расонанд, мутахассисони мо коркардро зуд, безарар ва бо назардошти шароитҳои маҳаллаи шумо мегузаронанд. Ин барои муддати дароз дар ҳолати хуб нигоҳ доштани майдонҳо ва кам кардани хароҷоти меҳнат дар тоза кардани алафҳои бегона мусоидат мекунад.