Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ФАВЗ»
5-майи соли 2005 таъсис ёфтааст.

Ҷамъият аз оғози таъсисёбиаш то ба имрӯз саҳми худро бемайлон дар пешрафти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта истодааст. Фаъолияти Ҷамъият дар ду самт - яке муҳофизати растаниҳо (воридоту фурӯши заҳрҳимикатҳо ва маводҳои минералӣ барои соҳаи кишоварзӣ) ва дигар хизматрасонии дезинфексияи профилактикӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, Ҷамъият тибқи Оиннома ба борбандии маводҳои ҳифзи растаниҳо низ машғул мебошад.
Дафтари асосии ширкат дар суроғаи ш. Душанбе кӯчаи Беҳзод 2, шӯъбаи дезинфексионии ширкат дар суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев 34, корхонаи истеҳсолии ширкат дар шаҳри Ваҳдат, ҷ/д Дӯстӣ, шаҳраки Элок, минтақаи 2 воқеъ мебошанд.
Зиёда аз 15 сол дар бозор

Таҷрибаи кории васеъ

Хизматрасонии босифат

Пешниҳоди хидматҳои баландтарин

Мизоҷони қаноатманд

Барои мо хеле муҳим аст, ки муштариён аз натиҷа қаноатманд бошанд

bannertj2

Дастовардҳои мо

  Ҷамъият ҳар сол маводҳои заҳркимиёвии гуногуни хушсифат барои соҳаи кишоварзӣ ва дезинфексия аз давлатҳои пешқадами истеҳсолкунандагони ин маводҳо аз қабили  ИМА, Италия, Нидерландия, Ҳиндустон, Белгия, Чин, Руссия ва дигар давлатҳо ворид менамояд.
Проблемаи ниҳоят муҳиме, ки ҷомеаи имрӯзаро ба ташвиш овардааст, ин зиёд паҳн шудани ҳашароти зараррасон дар рӯзғори мардум ва соҳаи кишоварзии мамлакат мебошад. Зуҳури малах, мӯри дарахтон, паҳншавии хомӯшакҳои барангезандагони бемории вараҷа, зукоми парранда ва бисёр дигар ҳашароту микроорганизмҳои зараровар ба саломатии ҷомеа ва соҳаи кишоварзии мамлакат мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд меоранд.
Бо мақсади муборизаи беамон бурдан ба ин зуҳуроти номатлуб, барои ривоҷ додани соҳаи муҳофизати растаниҳо ва хизматрасонии дезинфексионӣ Ҷамъият аз давлатҳои Руссия, Италия, Олмон, АМА (Дубай), Чин, Ҷопон нақлиёт ва таҷҳизоти гуногуни замонавӣ, аз қабили автомашинаҳои тамғаҳои махсуси дезинфексионӣ, таҷҳизотҳои аэрозолӣ бо нақлиётҳо, дастгоҳҳои аэрозолии муҳаррикдори дастӣ, дастгоҳҳои дорупошии бемуҳаррики дастӣ, генераторҳои тумани гарм, генераторҳои тумани сард, озонатор ва дигар таҷҳизотҳо ворид намудааст, ки имрӯзҳо дар хизмати мардум мебошанд.
Бо истифода аз технологияи муосир ва заҳрхимикатҳои хушсифат Ҷамъият дар рушди соҳаҳои дезинфексия ва муҳофизати растанӣ дар ҷумҳурӣ, хусусан дар ш. Душанбе саҳми арзандае гузоштааст.
Ҳангоми пайдоиши бемории сироятии табларзаи хунин дар н. Турсунзода моҳи августи соли 2009 бо даъвати Вазорати тандурустии ҶТ дар манбаъҳои сироят: маҳалҳои аҳолинишин, мавзеъҳои чорвогард, қисман ҷамоатҳои деҳоти ноҳия – дар масоҳатҳои калон, ки аз нуқтаи назари мутахассисони вазорати тандурустӣ хавфи паҳн гаштани бемории сироятии табларзаи хунин вуҷуд дошт, мутахассисони ширкати мо чорабиниҳои безараргардониро бо истифода аз нақлиёту таҷҳизоти муосир ва маводҳои хушсифат зуд ва бомуваффақият гузаронидаанд.
Ҳангоми ҳодисаҳои сар задани сел дар минтақаҳои Кӯлоб моҳи майи соли 2010 ва дар н. Хуросон соли 2012 бо даъвати Вазорати тандурустии ҶТ мутахассисони ширкати мо дар ин мавзеъҳо низ чорабиниҳои безараргардониро сари вақт гузаронидаанд.
Инчунин дар давраи пандемия (пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19) давоми соли 2020 дар кӯчаю хиёбонҳо, маҳаллаҳо ва дигар минтақаҳои шаҳри Душанбе, ки хавфи паҳншавӣ ва сироят ёфтани аҳолӣ ба ҳисоб мерафт, мутахассисони ширкати мо дар корҳои безараргардонии шабонарузӣ фаъолона иштирок намудаанд.

 

Сипосномаҳо ва қадрдониҳо

    Натиҷаи меҳнати софдилона ва пурсамари мутахассисон буд, ки Ҷамъият дар давоми фаъолияти худ ба дастовардҳои зерин ноил шудааст:
— Сазовори номи “Соҳибкори беҳтарини ш. Душанбе” аз рӯи номинатсияи “Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию-коммуналӣ ва экология” дар солҳои 2010, 2011, 2012, 2013, 2018, 2020;
— Сазовори номи “Соҳибкори беҳтарини н. Фирдавсии ш. Душанбе” аз рӯи номинатсияи “Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию-коммуналӣ ва экология” дар солҳои 2009, 2010, 2011, 2012, 2013, 2016, 2017, 2018;
— Сазовори Ифтихорномаи Раиси вилояти Хатлон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду нумӯи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятиву сиёсӣ дар соли 2021;
Ҷамъият нақша дорад, ки дар оянда воридоти маводҳои хушсифат ва таҷҳизоти навтаринро барои муҳофизати растаниҳо ва безараргардонӣ сари вақт бо нархҳои дастрас, инчунин, хизматрасонии дезинфексионии муосирро дар сатҳи ҷумҳурӣ, махсусан дар ш. Душанбе боз ҳам хубтар ба роҳ монад.